Сарояндаи дарду дармон
Лидуш Хабиб
(1963-2002)
Аз дуконхои сабти овоз ба хотири чалб намудани таваччухи дустдорони мусики беш аз пеш сурудхои Лидуш Хабиб овоз медиханд. Шеъри у, суруди у, оханги у чун барангезандаи аклу хис ба дилхои ошен мегирад, зеби мачлису махфилхо мешавад ва сабки тозаеро ба санъати рангину бойи мусики ворид менамоянд. Сурудхояш бо забони шугнони садо медиханд, вале барои дарки он мамонияте нест. Чунки шеърхояш ба тарчума эхтиеч надоранд тафсири он дар оханг, дар сабки хониши хофиз тачассум ва дилу хис хамеша хадафи он мегардад:
Когазат когазбози,
Такалат зивдарози.
Бодигари харнози,
Вуд пехьи мухлис!
Гох садат, гох вахт дусад
Фукатъен чуд баромад
На маният на максад
Нагчид маулис!
Лидуш чун хофиз ва шоири гайрирасми ба хаети маънавии мардуми мо ворид гашт. Шеъру суруду охангаш на ба хотири эътирофи ташкилотхои расмии эчоди, балки барои тачассуми орзую ормон, дарду алам, талхию ширинихои зиндагии хакикии мардуми мо эчод шуданд ва хамрози мардум гаштаанд. У бо шикасти колабхои маъмули гояви нисбати аксари чавонони арсаи эчоду хунар ба халк наздиктару азизтар аст. Рохи у, ки хануз пеш аз айеми бозсози чун суруднавису сурудсаро огоз ефт, тахту хамвор набуд ва нест. Сурудхои зери фишори сахти макомоти расми эчод мешуд. Вале одамони расми хам бо вучуди амали расми мафтуни сурудхои Лидушанд.
Сурудхои у пеш аз хама публицистикаи буррон ичтимоианд, санъати у на ба хотири санъати- идеализацияи зиндаги, е аз будаш зеботар нишон додани хает, балки санъати ба хотири зиндагии асли бо хама бешу камаш аст. У ба тамоми падидахои навини хаети Бадахшон ру меораду чихати мусбию манфии онро суруду охангаш инъикос месозад, андешахои мухталифи атрофи он ва боздехи моддию маънавии онро чамъбаст мекунад. Ва кобилияти баланди сухансароиаш ба он мусоидат мекунад, ки сухани шугнии у нисбати суханони дигар шугнизабонхо фахмотару шевотар аст. Шояд ин аз он чихат бошад, ки суханаш аз умки дили у хеста ба умки дили сонеъ чо мешавад, чунки дар харфи у сохтакори нест. Дар сурудхояш заковат, расму оин ва лутфи хоси мардуми Бадахшон барчой аст ва самимияти хар як мираи шеъру сурудашро таъмин менамояд. Масалан, дар суруди «Царанг телевизор нахтойд ар маш вилоят» (Чи тавр телевизион дар вилояти бадахшон падид омад) хам заковат хасту хам чиддияти томи падидаи нав, ки чи тавр он мардумро сарчамъ намуду чи тавр пароканда, чи тавр гизои хуби маънави медихаду, чи тавр боиси сабуксарии одамони рухан сусту беирода мегардад.
Чунин бархурд дар суруди «Аэропорт»-аш хам падид аст. Духтарони ранг ба ранг дар сахни фурудгох бо лубосхои ба худашон штнаму зебо ва кисман бо сару либоси бо афту сураташон номувофик сайругашт доранд. Лидуш дар ин суруд фалсафаи одаму аше,хастии асли ва тасаввури фардин чавононро тараннум менамояд. Хам равияи ороишу пероиш, хам равияи андешаронии чавонон басо равшану чолиб мадди назар шудааст. Сурудхояш дар бораи муаллим, дар бораи духтур, дар бораи мудири база хело сергунчоишу замонавианд.
Дар сурудхои ичтимоии Лидуш инсон ва хусусан, инсони одди мехнаткаши катори мавкеъи махсус дорад. Шояд сабаби асосии мамнуъ будани сурудхояш хам дар фошофош гуфтани мавкеи инсон дар чамъият аст . Ва у чи таври ба когаз имзо гузошта дарза дарза пул гирифтани бюрократхои мачлисбозро бо чанд суми захматкаши шабу руз дар арсаи кор бударо бо хам мукоиса менамоянд. Махз инъикоси устокоронаи таззодхои мухталифи зиндагии чомеа болу пари сурудхои Лидуш гаштаанд.
Мавзуи эчодии Лидуш бо ходисаю руйдодхои ичтимои хотима намеебад. У дар тараннуми ишку мухаббат мавзухои ичтимои ва лирикиро омехта тавсиф менамоянд. Сурудхои ишкиаш якнавохту якмаком нест, хама гуна эхсоси ишки поки инсони ба у наздику азиз аст. Агар дар суруди « Эй кабутар сав пи Помир салум вамар лу». (Эй кабутар рав ба Помир салом ба вай гуй) аз боби ахду вафо ва васл сухан равад, пас дар суруди «Йа ху даргойанд лил тар хир кихт» (Вай дар хавлиаш либосхои шустаро ба офтоб мемонд) ишк ба зебосанам-маъшукаи шавхардор баен меебад. Ошикро девона мегуянд, рахгир мекунанд, лат мехурад, вале у устувор аст ва бо умед мегуянд, ки вай шавхари маъшукааш аз Помир раваду дигар барнагардад ва маъшука ба руи дил додаи озору латхурдааш хандад.
Кай йа руз тизд вам чор аз Хараг,
Ноги вам чор гасп аз Помир кихт!
О Лидуш, ма дъа ол вам, маки бас,
Яст худъой якчо тама такдир кихт.
Сабку оханги сурудхои Лидуш чун матн аз худаш аст. Вакте, ки сари сурудхои лидуш бахс мешавад, кисме уро бо Высоцкий, кисме уро ба Ахмад Зохир нисбат медиханд. Гаштаю баргашта сабти сурудхои Лидушро гуш карда, ба хулосае меоем, ки у на Высоцкий асту на Ахмад Зохир, Лидуш-Лидуш аст- хам бо суруд, хам бо оханг ва хам бо сабки овозхони. Дар суруду охангаш на таклид асту на таклидкори. Чизе, ки аз у садо медихаду дилхоро тасхир мекунад куллаи хоси табиати эчодии уст. Чун эчодкори хушсалика, мисли занбури асал, аз бехтарин гулдастахои созу суруд, накхати бехтаринро чашида, дар мачмуъ сабку услуб ва суруду оханги худро пайдо кардааст. Санъаташ шаходати он аст, ки у бо бехтарин дастовардхои санъати мусикии мардуми Бадахшон ва умуман санъати мусикии чумхурияху форсизабонхои хорича мусаллах аст. Мавзуи сурудхояш бо номи Бадахшон пайваст бошанд хам, вале хар кадомаш бо саросари Точикистону зиндагии чомеаи мамлакатамон сахт алокаманд аст. Сурудхои у суруди дарду армони мардум аст. Ин маврид макон чун сарчашмаи эхсосоти начиби инсони хизмат мекунад. Ва у факат ба махкумкуни махдуд нашуда, некхоху некбин аст.
Касби асосии Лидуш Хабиб-Алидоншо Шорахматуллоев, рузноманигори аст. У пас аз хатми Донишкадаи омузгории шахри Куйбышев ба зодгохаш баргашта дар рузномаи вилоятии «Бадахшони савети» ба кор пардохт.
Сурудхои у аз махфилу чамъомадхои мамнуъ ба олами дилхо сар зад. Такдири сурудхояш то имруз хам мураккаб аст. Дар Помир ба хотири чамъ омадани мардум барои ин е он махфил баромади Лидушро эълон мекунанд. Ба азизтарин мехмонон чун дастоварди санъати мусики сурудхои уро пешкаш мекунанд. Вале аслан уро хануз доирахои расми чун бехтари овозхони Бадахшон муаррифи намекунанд. Сабти сурудхои уро дар саросари Бадахшон ва тамоми Точикистону берун аз он дучор меоем. Аз радио ва телевизиони чумхури сурудхои мухталифи санъат дустони Бадахшон садо медиханд, вале Лидушро хануз нашунавондаю ба навор нагирифтаанд. Сурудхои у, ки берун аз колаби маъмули аст, аллакай мухлисони зиедеро ба атрофаш чамъ кардааст.
Аз хунарнамоии у хам телевизиони точик ва хам радиои точик ва хам муассисахои саноати чумхури бурд мекунанд. Он тавре, ки Лидуш ба ояндаи дурахшони диер бовари дорад, мо хам ба ояндаи дурахшони созу суруди у бовари дорем. Аз китобчаи "Дарета тизд"
